Нархи талоқ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад. Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи боҷи давлатиро вакилони Маҷлиси намояндагон ворид карданд.
Қарор аст баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур ва як моҳ пас аз нашри расмӣ, он мавриди амал қарор гирад.
Аз ин ба баъд, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон, ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон ба андозаи 10 нишондиҳанда ва дар асоси ҳалномаи суд бошад, ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, боҷ ситонида хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир нархи талоқ дар Тоҷикистон ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидайн солҳост, ки аз мавзӯъҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд.