Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «H» аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби бузурги 0:10 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври якуми гурӯҳи “Н” шаби 29-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Бозӣ комилан бо бартарии кореягиҳо сурат гирифт. Онҳо ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дарвозабонаш Фараҳноз Холдорова буд, дар нимаи аввали дидор ҳашт гол ва дар нимаи дуюм ду гол заданд. Аз он ҷумла, дар ҳарду қисми бозӣ тӯбро якборӣ аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “Н” 29-уми июн тими миллии Малайзия дастаи мунтахаби Фаластинро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии даври якуми мусобиқот дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Малайзия бо сеимтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи “Н” мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро касб кардаанд.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “Н” рӯзи чоршанбеи 2-юми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, Фаластин бо Кореяи Шимолӣ (соати 19:00) ва Тоҷикистон бо Малайзия (соати 22:00) рақобат мекунанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни тимҳои миллии футболи занона дар гурӯҳи «H» дар шаҳри Душанбе то рӯзи 5-уми июл идома хоҳад кард.
Барои дарёфти роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳайати тими миллӣ аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони кишвар ташкил шудааст.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 34 тими миллии занона ширкат меварзад. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд: ду гурӯҳ аз панҷдастаӣ ва шаш гурӯҳи дигар аз чаҳордастаӣ иборатанд.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ғайр аз Тоҷикистон, дар ҳафт кишвар: Урдун, Тайланд, Мянмар, Индонезия, Ветнам, Узбекистон ва Камбоҷа доир шудаанд.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 1-ум то 26-уми марти соли оянда дар Австралия барпо мегардад, роҳ меёбанд.
Ба ғайр аз дастаи мизбон – Австралия – ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 тимҳои миллии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон пешакӣ роҳхат гирифтаанд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона
Гурӯҳи «Н»
Кореяи Шимолӣ
Малайзия
Фаластин
Тоҷикистон
Даври 1-ум
29-уми июн (якшанбе)
Малайзия – Фаластин – 1:0
Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 10:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Кореяи Шимолӣ | 1 | 1 | 0 | 0 | 10-0 | 3 |
2 | Малайзия | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
3 | Фаластин | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
4 | Тоҷикистон | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-10 | 0 |
Даври 2-юм
2-юми июл (чоршанбе)
19:00 – Фаластин – Кореяи Шимолӣ
22:00 – Тоҷикистон - Малайзия
Даври 3-юм
5-уми июл (шанбе)
19:00 – Кореяи Шимолӣ - Малайзия
22:00 – Фаластин - Тоҷикистон
Натоиҷи бозиҳои даври якум, ки рӯзи 29-уми июн дар ҳафт гурӯҳ баргузор шуданд:
Гурӯҳи “B”
Ҳиндустон – Тимори Шарқӣ - 4-0
Тайланд – Ироқ - 7-0
Гурӯҳи “С”
Мянмар – Туркманистон - 8-0
Баҳрайн – Бангладеш - 0-7
Гурӯҳи “D”
Тайпейи Чин – Покистон - 8-0
Индонезия – Қирғизистон - 1-0
Гурӯҳи “Е”
Гуам – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - 0-0
Ветнам – Молдив - 7-0
Гурӯҳи “F”
Непал – Лаос - 9-0
Узбекистон – Шри-Ланка - 10-0
Гурӯҳи “G”
Филиппин – Арабистони Саудӣ - 3-0
Ҳонконги Чин – Камбоҷа - 1-1
Гурӯҳи “H”
Малайзия – Фаластин - 1-0
Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон - 10-0
Бозиҳо дар гурӯҳи “А” бо ширкати панҷ даста – Эрон, Урдун, Лубнон, Сингапур ва Бутан - аз 7-ум то 19-уми июл доир мешаванд.