Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти се рӯзноманигори зиндониро дар мавриди норозигиашон аз ҳукми додгоҳ расонидааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд. Азим Иброҳим рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе сабабҳоро чунин баршумурд: "Ду нақб сохта мешавад, панҷ галерея, 15 пул. Ин вақт мегирад."
Тоҷикистон тасмим дорад тавлиди барқ аз офтобро бештар кунад, вале огоҳони умур бар инанд, ки дар шароите, ки нархи панелҳои офтобӣ гарону аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чунин кор ба осонӣ даст нахоҳад дод.
Бо гузашти қариб се моҳ аз ҷорӣ намудани виза ё раводид аз сӯи Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, бархе сокинон, аз ҷумла тоҷирон шикоят доранд, ки чунин низом кори онҳоро мушкил кардааст.
Мирҳусайн Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, 11-уми июл вақте намояндагони идораи сохтмони роҳу пулҳои Душанбе барои тахриби манзили ӯ меоянд, писаронаш қарори додгоҳ талаб мекунанд.
Ҷанҷол сари қимати хона дар шаҳри Душанбе ба гуфтаи як сиёсатмадори тоҷик сабаб шудааст, ки фарзандони ӯро дастгир ва худашро маҷбур кунанд, зери санади дилхоҳи ширкати роҳсозӣ имзо кунад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудааст. Наздиконаш аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карданд, аммо як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуд ва дигар наомад.
Як сокини ноҳияи Ёвон даъво дорад, ки корманди милисаи шаҳри Хуҷанд писарашро бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карда, барои озодиаш пул талаб кардааст. Аммо пулис шикояти занро рад мекунад.
Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар Душанбе дар гузориши нави худ гуфтааст, дар Тоҷикистон аз ҳар се кӯдаки то панҷсола як нафараш ба камбизоатии шадиди ғизоӣ гирифтор аст.
Дар Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки аз се кӯдак як нафараш аз норасоии ғизо ранҷ мекашад. Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, эҳтимол теъдоди кӯдакони гурусна дар Тоҷикистон зиёд шавад.
Шин Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин рӯзи 4-уми июл ба Душанбе омад ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот кард. Чин яке аз бузургтарин сармоягузорони Тоҷикистон аст ва манобеи зиёди табии онро ҳам истихроҷ мекунад.
Дар Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ ва коллеҷҳо шуруъ шуд. Тибқи омори Маркази милли тестӣ, баръакси соли гузашта имсол шумораи хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон зиёд шудааст. Як сабаби ин вазъ камтар шудани орзумандони таҳсил дар хориҷа, махсусан Русия будааст.
Аз боздошти гурӯҳе аз хабарнигорону блогерони тоҷик, ки баъдан ба иттиҳомҳои тақрибан яксон аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд, ду сол гузашт.
Ширкати "Тселл", молики замимаи "Чӣ гап", ки муҳоҷирони тоҷик бо истифода аз он бо азизонашон дар Тоҷикистон гап мезананд, ваъда додааст, ки ба зудӣ ин замима дигарбора ба кор медарояд. Муҳоҷирони зиёде ҳар рӯз аз Радиои Озодӣ мепурсанд, ки чаро "Чӣ гап" чанд рӯз аст кор намекунад.
Бахше аз деҳқонон дар Тоҷикистон ба сабаби, ба гуфтаашон, "набудани шароити мусоид" ва "нагирифтани фоида" аз кори кишоварзӣ дур шуда, заминҳоро бе кишт гузоштаанд. Яке аз онҳо Саидҷаъфар Назаров аз хоҷагии Синои ноҳияи Восеъст. Ӯ мушкили молиро далел овард.
Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ, кишоварзӣ як манбаи дигари даромади онҳо ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир бахше аз деҳқонон аз кишоварзӣ ба дилсард шудаанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон гузариш ба иқтисоди сабзро барои пешрафти зиндагии мардум ва муҳити зист муҳим арзёбӣ мекунанд, коршиносон бар инанд, ки расидан ба ин ҳадаф барои кишвар чандон осону ҳамвор нахоҳад буд.
Даҳҳо ҳазор хатмкунанда дар Тоҷикистон 31-уми май рӯзи охирини таҳсилро бе "занги охир" ва "хомӯшона" гузаронданд. То ҳашт сол пеш ин сана бо шӯру шавқ таҷлил мешуд.
Чанде аз сокинони Душанбе шикоят доранд, ки миллионҳо сомонии онҳоро зане бо ваъдаи тиҷорат аз худ карда барнагардондааст. Ба қавли ҷабрдидагон, онҳо бо Зулфия Рабиева ном зан тиҷорат доштанд ва дар муддати кутоҳе даҳҳо ҳазор долларашонро аз даст доданд.
Шикояти дастаҷамъонаи гуруҳе аз шаҳрвандон сабаб шуд, ки як зани ба гуфтаи худаш, соҳибкор ба 10 соли зиндон маҳкум гардад.
Ёфтҳои бештар