Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ҳеч тағйире дар ҷадвали дарсҳо нест.
Орд аз 205 то 220 сомонӣ, картошка аз севуним то панҷ сомонӣ, шакар то ҳафт сомонӣ...
Бар асоси пажӯҳиш, ки Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNICEF, ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид анҷом додааст, 34 дарсади духтарони мактабхон гуфтаанд, табиб шудан мехоҳанд ва 23 фисад омӯзгориро бартарӣ доданд.
Табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ё бемории COVID-19 ҳар нафар бояд беҳдошт ва ё гигиенаи шахсиро риоя кунад. Пайваста дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд, ба бинӣ, чашму даҳон камтар даст расонад.
Саидбек Сатторов профессори тоҷик дар сӯҳбати кӯтоҳе бо Радиои Озодӣ гуфт, чӣ гуна метавон аз коронавирус эмин монд. Тавсияҳояшро худатон бубинед ва худро эҳтиёт кунед.
Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", бузургтарин бемористон дар Душанбе рӯзи 20-уми март беморонашро ҷавоб дод. Онҳое ҳам, ки ҳанӯз ба табобат ниёз доштанд, ба шифохонаҳои дигар интиқол дода шуданд.
Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бе тамошобин баргузор мешавад.
Дар натиҷаи интихоботи порлумонии якуми март, 15 зан дар Маҷлиси Намояндагон соҳиби курсӣ шудаанд.
Таҳлука ба сабаби густариши вируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон таъсир гузоштааст, ки мардум хариди ниқобу маҳсулоти беҳдоштиро зиёд кардаанд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон "ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус", ки то ин дам дар ҷаҳон боис ба марги беш аз 3 ҳазор нафар шудааст, машварат дод, хондани намоз дар масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳои кишвар муваққатан манъ шавад.
Мақомоти расмӣ ба модари Ҳусейн Абдусамадов, тарҳрези ҳамлаи хунин ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи аз кор мондани гурдаҳояш ҳалок шудааст. Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон рӯзи 2-уми март дар як зиндони Душанбе вафот кардааст.
Мақомоти расмӣ ба модари Ҳусейн Абдусамадов, тарҳрези ҳамлаи хунин ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи аз кор мондани гурдаҳояш ҳалок шудааст.
Як корманди Корхонаи нобиноён дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, Саъдулло Норов, нозири танзими анъана ва расму оини маҳалли зисташон пахши як соати амри маъруф аз тариқи радиоузели корхонаро манъ кардааст.
Барои иштирок дар ин мунозира намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон даъват шуда буданд, вале намояндагони ҲХДТ ва ҲДТ даъватро напазируфтанд.
Ёфтҳои бештар