Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар шаш моҳ барои соҳибӣ ба беш аз 5 ҳазор мансабу ҷойи холии кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон озмун эълон карда, вале дархости кам гирифтаанд. Раиси Оҷонси хидмати давлатӣ ҳузури ками довталабонро ба "шартҳои душвор" пайванд дод. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров "маоши кам"-ро сабаби асосӣ донист.
Боқимонда 34 дарсади аҳолӣ, ки асосан дар деҳот зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд аз дигар ҷой ба хонаашон об кашонанд.
Тибқи гузориши нави Форуми байнулмилалии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар баробарии гендерӣ миёни 146 кишвари дунё дар мақоми 112-ум ҷой гирифтааст. Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, оё дар Тоҷикистон миёни марду зан баробарӣ вуҷуд дорад? Оё занон ҳаққи интихоби шавҳар, таҳсил, касб ва ё либосро доранд?
Аз пайдо шудани барномае, ки ҷавонони тоҷик аз тариқи он барои таҳсил ба Амрико мераванд, 30 сол гузашт. Садҳо ҷавони тоҷик ба ин васила имкони таҳсил дар Амрикоро пайдо карданд. Дар ҳамоише дар Душанбе онҳое, ки аз тариқи ин барнома барои хондан ба Иёлоти Муттаҳида рафта буданд, ҷамъ омаданд.
Дар ду ҳафтаи ахир чанд навори ҷанҷолу занозании занону духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Назарҳо ба ҷанҷоли занон гуногун аст. Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ инро ба бекорӣ ва иддае ба мушкилиҳои оилавӣ рабт доданд. "Озодӣ" назари мардумро дар ин бора пурсид.
Як сокини ноҳияи Ёвон даъво дорад, ки корманди милисаи шаҳри Хуҷанд писарашро бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карда, барои озодиаш пул талаб кардааст. Аммо пулис шикояти занро рад мекунад.
Дар бисёре аз гузориши созмонҳои байнулмилалӣ хешутаборбозиро дар Тоҷикистон танқид мекунанд. Ин бештар ба мансабдорони давлатӣ дахл дорад. Хабарнигорони Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки агар хешу табори яке аз мансабдорон мебуданд, чӣ кор ва ё чӣ гуна рафтор мекарданд?
"Қаҳрамони Тоҷикистон" унвони олии давлатӣ аст, ки барои хидматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Феълан 6 нафар унвони қаҳрамони Тоҷикистонро доранд, ки ҳама мардонанд. Оё Тоҷикистон қаҳрамонзан надорад? Агар қарор буд як зан қаҳрамони Тоҷикистон бошад, киро номбар мекардед?
Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1-уми июл музди кори кормандони идораҳои давлатӣ 40 % зиёд мешавад. Aз ин моҳ бояд ҳаққи нафақа ва ё бознишастагӣ ҳам 30 дар сад бештар бошад ва пиронсолону онҳое, ки солҳои дароз кор кардаанд, бояд пули бештар бигиранд. Оё ин пул барои зиндагии мардуми бознишаста кофист.
29 хатмкарда, аз ҷумла, 13 писару 16 духтар дар як маросими вижа дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаб гардиданд. 16 духтар дар ҳоле соҳиби шаҳодатнома шуданд, ки дар Афғонистон баъди ба қудрат расидани Толибон духтарон аз синфи 6 боло ҳаққи таҳсил надоранд.
Чаро зӯроварӣ дар оила кам намешавад? Ва роҳи ҳал кадом аст?
Аз 20-уми июн "радар"-ҳо дар роҳҳои Душанбе фаъол шуданд. Ин таҷҳизот панҷ навъи нақзи қоидаҳо, аз ҷумла суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, истодан дар хатҳои 2 ва 3, баромадан ба хатти муқобил ва эҷоди монеаро ба дигарон сабт мекунанд. Оё ин пеши роҳи садамаҳоро мегирад?
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2023 барои нодида гирифтани муроҷиати мардум 25 парвандаи ҷиноӣ боз карда, 14 касро ҷазо додааст. Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, ки оё ба мақомот корафтода шудаанд? Боре ариза ва номаи додхоҳӣ навиштанд? Посух гирифтанд? Касе онҳоро қабул карду додашонро шунид?
Пас аз ҳодисаи "Крокус", кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистону Русия сахт шуд. Туркия виза ҷорӣ кард. Эрон ҳанӯз сафари бераводид барои тоҷиконро иҷоза надодааст. Чӣ роҳи дигаре монда? Тоҷикҳо барои кор бояд ба куҷо раванд? Масъулияти ҳукумат чист? "Озодӣ" бо ин суолҳо ба мардум муроҷиат кард.
Дар Тоҷикистон сар аз охири моҳи май мактабхонҳо ба таътили тобистона мебароянд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ин навбат аз волидон ва дигар сокинон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе пурсиданд, ки фарзандони онҳо таътили тобистонаро дар куҷо ва дар чӣ шароите мегузаронанд?
Бар асоси як барномаи омӯзишӣ духтаронро дар Тоҷикистон бо фанновариҳои муосир ошно мекунанд. Хатмкардагони он тавонистаанд, аллакай зиндагияшонро ба самти беҳтар тағйир бидиҳанд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон 28 май ҳамчун Рӯзи нерӯҳои марзбонӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол Тоҷикистон 30-солагии нерӯҳоии марзбонии худро ҷашн мегирад. Вобаста ба ин сана "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки оё мехоҳанд фарзанд ё набераашон марзбон шавад? Ин кор чӣ мушкилӣ дорад? Ба марзбонҳо чӣ орзуҳо доред?
Саҳни фурӯдгоҳи Душанбе ин шабу рӯз пуродам аст. Мусофирони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ночор аз Русия баргаштаанд. Аниқтараш бо баҳонаву сабабе онҳоро иҷборан аз ин кишвар берун кардаанд.
Баъди ҳамла ба Крокус ва боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик шумори хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Масалан, дар Санкт-Петербург шумори тоҷикони корҷӯ 60 фоиз кам шудааст. Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо онҳое сӯҳбат карданд, ки аз Русия баргаштанд ва ё ихроҷ шудаанд.
Роҳпаймоии “Полки ҷовидон”, ки аз он ҳамчун абзори таблиғотии Русия ҳам ном мебаранд, имсол дар Душанбе бо ҳузури бисёр ками одамон баргузор шуд. Бештари сокинон мустақилона ба Боғи Ғалабаи пойтахт рафта, пирӯзиро дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон таҷлил карданд.
Ёфтҳои бештар