Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Як зан дар Душанбе, ки аз никоҳи, ба гуфтаи ӯ, маҷбурии марди 46-сола бо духтари 12-солааш ба ваҳшат афтодаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор кард, "пас аз таҳдидҳои ӯ" бо тарс суҳбат мекунад.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.
Аз эълони Вазорати маориф ва илм дар бораи шурӯи таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон панҷ рӯз гузашт, аммо баъзе аз суолҳо ҳамчунон беҷавоб мондаанд.
Пандемияи коронавирус ҳолу ҳавои таҷлили Иди Қурбонро дар Тоҷикистон камранг кард. Сокинон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои гузашта имсол барои таҷлили ид дастурхони хоксорона оростанд ва интизори меҳмони зиёд ҳам нестанд.
Пандемияи коронавирус ҳолу ҳавои таҷлили Иди Қурбон - яке аз ду иди исломиро дар Тоҷикистон камрангтар кард.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайи санҷиш ё аттестатсия даҳҳо кормандашро аз кор озод карда, гурӯҳеро ба вазифаҳои поинтар таъин кардааст.
Умедҷон Сайдуллозода, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии онлайнии Перу оид ба таэквондо дар равияи пумсэ, ки бо иштироки варзишгарони 26 кишвар доир гардид, мақоми аввалро соҳиб шуд.
Мақомот "мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон ва гарон будани нигаҳдории зербунёдҳо"-ро аз сабабҳои суръати суст ва гаронии Интернет номбар карданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар Қирғизистон, ки мавқеи ҷуғрофияш ба Тоҷикистон монанд аст, баръакс суръати Интернет баландтар ва нархаш арзонтар аст.
Меҳронаи 7-сола, Ҳадисаи 5-сола ва Ҳамдияи 2-сола пои равон надоранд, ҳарф намезананд. Ҳарсе маълуланд, вале нафақае намегиранд, чун барои гирифтани санад аввал мебоист, дар бемористон бистарӣ мешуданд.
Сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд. Онҳо мегӯянд, мушкили беобӣ маҷбурашон кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд.
Як зани 53-солаи тоҷик мегӯяд, бефарзандӣ азияташ медиҳад ва ба хотири он ки натавонист тифле ба дунё орад, аз ҳамсараш ҷудо ва дар байни хешу табор ангуштнамо шуд. Ҳоло ният дорад, аввал сарпаноҳ ёфта, сипас тифлеро ба фарзандхонӣ бигирад ва зиндагиашро аз нав созад.
Сокинони деҳи Мирзочул канори шаҳри Душанбе аз бӯи ғализ ва афзоиши магасҳо дар маҳалли зисташон шикоят доранд. Мегӯянд, ҳавои поку тозаи маҳалашон пас аз оне ғализ шуд, ки соҳибкоре дар заминҳои атроф поруи мурғро пошид.
Кори нодурусти чароғакҳои роҳнамо дар Кӯлоб, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ҳаракати мардуми нақлиёт дар ин шаҳрро хатарноку мушкил кардааст.
Сарбози говдузд ҷазо гирифт. Модараш мехоҳад фармондеҳаш ҳам ҷазо гирад
Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як марзбони ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кард. Ба иттилои манобеи тафтишотӣ, Нозимҷон Гулиеви 20-сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон бохтааст.
Ёфтҳои бештар