Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ солҳост, ки ташаналаб мегарданд. Пандемияи коронавирус на танҳо кашонидани обро ба ин русто ба таъхир гузошт, бар замми он аз обе, ки ҳамсояҳояшон медоданд, маҳрум намуд.
Фаъолони гуруҳи "Кӯлоби ман" дар Фейсбук ба пизишкону бемористонҳои минтақа ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин маблағ васоили тиббиву муҳофизатӣ хариданд. Тафсилотро дар гузориши видеоӣ бинед.
Бо гузашти тақрибан як моҳ аз замони эълони расмии сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, дар шаҳри Кулоб ташхисгоҳи сайёри ин бемориро боз карданд. Чаҳор нафар дар озмоишгоҳ кор мекунанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳоро то 5 соат маълум мекунанд.
Зиёд шудани фавт дар як моҳи гузашта ва ҳамингуна кори гӯрканҳо масъулони ду оромгоҳ дар Кӯлобро маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд. Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд.
Як сокини ноҳияи Фархор ҳангоми кандани хандақ дар наздикии қалъаи “Золи Зар” ҳайкалчаи Буддоро пайдо карда, ба осорхонаи ноҳия супурдааст. Бостоншиносон мегӯянд, Ин нахустин пайкараи сангии Буддост, ки дар ин минтақа ёфт шудааст.
Танаффус дар мусобиқаҳои футбол дар Тоҷикистон дастаҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ҳоло бозиҳои қаҳрамонии кишвар баргузор намешаванд, мухлисон ба варзишгоҳҳо намеоянд ва шабакаҳои телевизионӣ рақобаташонро нишон намедиҳанд.
Як бахши шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, ба гуфтаи мақомот, аз беморони илтиҳоби шуш пур шудааст. Дар паси дари бахши 5-уми бемористон навиштаанд, ки "Беморхона муваққатан бемор қабул намекунад".
Марги Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи хусусии "Ҳотам ва ПВ", бисёриҳоро дар кишвар озурда кардааст.
Марги Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи хусусии "Ҳотам ва ПВ", бисёриҳоро дар кишвар озурда кардааст. Cоҳибназарон мегӯянд, саҳми ӯ дар рушди бахши маориф чашмрас аст ва набуданаш бохте бузург мебошад.
Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ба як соли зиндон маҳкум шуд.
Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд.
Дар замоне, ки хатари коронавирус зебоиҳоро пушти ниқобҳои тиббӣ пинҳон мемонад, як тарроҳи тоҷик, роҳи ҳифзи зебоӣ ва ҳамзамон пешгирӣ аз вирусро пешниҳод кардааст.
Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори нӯҳум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид. Қаҳрамони кишвар дар бозӣ барои Ҷоми олӣ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Шоҳида Қаландарова имсол дар ду мусобиқаи наврӯзӣ ширкат варзида, дар рақобат бо писарон ғолиб омад ва бо маҳорати баланди гуштигираш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шуҳратманд гашт.
Ёфтҳои бештар